Анҷоми ҳамкории «Тоҷиксодиротбонк» ва БТРА дар самти қарздиҳӣ ба тиҷорати хурду миёна

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» эълом дошт, ки ҳамкориҳои бонк бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) дар доираи амалисозии лоиҳаи қарздиҳӣ ба тиҷорати хурди миёна ба анҷом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, шурӯъ аз семоҳаи ахири соли 2009 то ахири сои 2011 «Тоҷиксодиротбонк» яке аз иштирокчиёни асосӣ дар амалисозии лоиҳаи БТРА оид ба […]

Пайрав Чоршанбиев


ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» эълом дошт, ки ҳамкориҳои бонк бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) дар доираи амалисозии лоиҳаи қарздиҳӣ ба тиҷорати хурди миёна ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, шурӯъ аз семоҳаи ахири соли 2009 то ахири сои 2011 «Тоҷиксодиротбонк» яке аз иштирокчиёни асосӣ дар амалисозии лоиҳаи БТРА оид ба қарздиҳӣ ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Лоиҳа бо дастгирии техникии ширкати консалитингии швейтсарии «BFC» амалӣ гардид.

«Лоҳаи БТРА дар бонки мо муваффақона амалӣ гардид ва пас аз анҷоми он, мо минбаъд низ ба қарздиҳӣ ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон саҳмгузор хоҳем буд», – гуфт муовини сардори Раёсати қарздиҳӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур бо «Тоҷиксодиротбонк» Далер Икромов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни татбиқи лоиҳа шабакаи филиалҳои бонк дар саросари ҷумҳурӣ ба таври назараррас афзоиш ёфта, дар сохтори ташкилӣ ва фаъолияти бонк тағйироти мусбат сурат гирифтанд.

«Дар ҳамдастӣ бо мутахассисони «BFC» низоми нави ҳавасмандсозии кормандон дар бахши қарздиҳӣ ба тиҷорати хурду миёна, пешниҳодот оид ба сохтори нави тадорукотии Раёсати қарздиҳии бонк таҳия гардида, шаклҳои нави баҳодиҳӣ ба мизоҷон ва тартиби таҳлили молиявӣ ҷорӣ шуданд», – афзуд номбурда.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.