Ӯзбекистон роҳиоҳанчиёни тоҷикро гунаҳкор мекунад

Мақомоти раҳбарии идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон ҳамтоҳои тоҷики худро дар иҷро накардани талаботи Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байнулмилалии бор тавассути роҳи оҳан ва рад кардани қабули вагонҳо тариқи қитъаи роҳи Душанбе гунаҳкор медонад. Дар иттилоияи интишоршудаи сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, бинобар сабаби фурсати зиёдро талаб кардани корҳои […]

ASIA-Plus


Мақомоти раҳбарии идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон ҳамтоҳои тоҷики худро дар иҷро накардани талаботи Созишнома дар бораи ҳамлу нақли байнулмилалии бор тавассути роҳи оҳан ва рад кардани қабули вагонҳо тариқи қитъаи роҳи Душанбе гунаҳкор медонад.

Дар иттилоияи интишоршудаи сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, бинобар сабаби фурсати зиёдро талаб кардани корҳои таъмир дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи «Ғалаба-Амузанг», ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз замони қатъи ҳаракати қатораҳо бо ин роҳ борҳо ба унвони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки ба интиқоли вагонҳои бори вилояти Хатлон тариқи қитъаи роҳи Душанбе омода аст. Бо ин мақсад ин вагонҳо дар истгоҳи «Қудуқлӣ», ки аз он ҷо вагонҳо ба самти роҳи Душанбе интиқол дода мешаванд, ҷамъ оварда шудаанд.

Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби Тоҷикистон ҳалли масъалаи мазкурро ба таъхир гузошта, бо мақсади коста кардани обрӯву нуфузи ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» мунтазам бобати боздошти вагонҳо ба мақомоти раҳбарии роҳи оҳани кишварҳои ИДМ ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан шикоят мебарад.

«Дар ҳамкорӣ ва бо дархости соҳибони бору маҳсулот 97 вагони самти вилояти Хатлон ба қитъаи роҳи оҳани Душанбе интиқол дода шуданд, ки 22 вагони он кӯмакҳои башардӯстонаи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мебошанд, вале ҷониби Тоҷикистон қабули боз 11 вагони дорои маҳсулоти нафтӣ, 10 вагон бо маводи ғизойӣ ва 1 вагони дорои чӯбу тахтаро рад мекунанд», – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, нисбат ба масъалаи интиқоли 265 вагони боқимонда тариқи роҳи Душанбе бо соҳибони бор ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфтушунид идома дорад.

Ҳамчунин зикр мегардад, айни замон бинобар сабаби номусоидии обуҳаво дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи «Ғалаба-Амузанг», роҳандозии корҳои таъмиру барқарорсозӣ ғайриимкон аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳор карда буд, ки ба қабули вагонҳои барои вилояти Хатлон таъиншуда дар Душанбе ва равона сохтани бори он ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ имкон надорад, зеро он хароҷоти хеле зиёд ба нақлиёти автомобилиро тақозо менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.