Ҳукумат шумори дақиқи муҳоҷиронро муайян карданист

Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо директори Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳамадиева баргузор шуд. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо директори Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳамадиева баргузор шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба ташкил намудани гурӯҳи корӣ барои ба роҳ мондани назорати қатъӣ ва дақиқи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҳукумати кишвар дар соли 2011 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи носаҳеҳ будани маълумоти оморӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнатии хориҷи кишварро мавриди интиқод қарор дода буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.