Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 8-уми декабр дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили рушди Иттиҳод
баргузор мегарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуотии Кумитаи мазкур хабар доданд, машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазороти умури хориҷӣ яке аз шаклҳои воқеии ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар майдони сиёсат ба ҳисоб меравад. Ин шакли ҳамкориҳо аз соли 1995 инҷониб мавриди амал қарор дошта, дар доираи машваратҳои ҳарсола масоили вобаста ба фаъолияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, рӯзномаҳои иҷлосияҳои Ассамблеяи генералии СММ, ҳамкориҳои мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, 8-уми декабр, дар рӯзи 17-умин солгарди ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони бахшҳои вазороти корҳои хориҷии кишварҳои аъзо таваҷҷӯҳи худро асосан ба натиҷаи корҳои то ин вақт анҷомшуда ва вазифаҳои ояндаву мушкилоти мавҷуда равона месозанд.





