Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе машварати кории «Муолиҷаи зиддиретровирусӣ, комёбиҳо, камбудиҳо ва нақшахо» баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Институти Ҷомеаи Кушода «Бунёди Мадад» – Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии СПИД ва бо дастгирии Институти мазкур гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни нишаст аз корҳои анҷомшуда дар ин самт натиҷагирӣ шуда, нақшаи фаъолияти минбаъда муайян карда мешавад. «Татбиқи барномаи муолиҷаи зиддиретровирусӣ яке аз самтҳои асосии стратегии барнома ба ҳисоб меравад», – гуфт сарчашма ва илова намуд, ки муолиҷаи зиддиретровирусии одамони ба ангезандаи ВИЧ сироятёфта дар ҷумҳурӣ, соли 2006 шурӯъ гардид. Дар кори машварат намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, адлия, шӯъбаҳои минтақавии маркази СПИД, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ширкат меварзанд.




