Сарфи назар аз сардӣ шудгори заминҳо идома дорад

Сарфи назар аз сардии шадиди имсола дар Тоҷикистон, шудгори замин барои кишти баҳорӣ идома дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон шудгори ҳудуди 620 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст. То ҳанӯз беш аз 415 ҳазор гектар замин шудгор шудааст, ки зиёда аз 65% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил […]

Пайрав Чоршанбиев


Сарфи назар аз сардии шадиди имсола дар Тоҷикистон, шудгори замин барои кишти баҳорӣ идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон шудгори ҳудуди 620 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст. То ҳанӯз беш аз 415 ҳазор гектар замин шудгор шудааст, ки зиёда аз 65% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати мазкур, соли равон зироати ғалладона дар майдони 180 ҳазор гектар кишт мешавад ва шудгори ин заминҳо қариб пурра анҷом ёфтааст.

Кишти пунбадона дар майдони 210 ҳазор гектар пешбинӣ шуда, нисбат ба соли пешин 6 ҳазор гектар зиёдтар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки дар муқоиса бо соли 2010-ум ба андозаи 41,6 ҳазор гектар зиёдтар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.