Озодии шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндони Афғонистон

Рӯзи 6-уми феврал шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой аз зиндони Пули Чархии Афғонистон озод карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вахзорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул қарор дошта, тавассути хатсайри ҳавоии наздиктарин ба ватан меояд. Тобистони соли 2008 се шаҳрванди Тоҷикистон – Яков Тсой, […]

ASIA-Plus


Рӯзи 6-уми феврал шаҳрванди Тоҷикистон Яков Тсой аз зиндони Пули Чархии Афғонистон озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вахзорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул қарор дошта, тавассути хатсайри ҳавоии наздиктарин ба ватан меояд.

Тобистони соли 2008 се шаҳрванди Тоҷикистон – Яков Тсой, Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отараев дар Афғонистон бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Моҳи июни соли гузашта бо дахолати тасодуфии президенти Тоҷикистон Искандаровро ба Тоҷикистон бозгардонданд. Маҳз ӯ ба ВАО дар бораи тақдири ҳамдиёронаш, ки «аз ҷониби мақомоти махсуси кишвари ҳамсоя боздошт ва сипас бидуни асосу далел маҳкум шуда буданд», изҳорот дод. Моҳи октябри соли 2011-ум Отараеви 50 –сола  дар зиндони Пули Чархӣ аз олам даргузашт. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.