Таваҷҷуҳи Сингапур ба бозори Тоҷикистон

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо директор оид ба менеҷменти ширкати сармоягузории FIF Technologies LLP- и Ҷумҳурии Сингапур ҷаноби Гари Чан мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат У.Давлатзод иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо директор оид ба менеҷменти ширкати сармоягузории FIF Technologies LLP- и Ҷумҳурии Сингапур ҷаноби Гари Чан мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат У.Давлатзод иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда шудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо пешбинӣ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар рафти мулоқот атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, низоми бонкӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, илму маориф, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар кишвар ва содироти он ба хориҷ ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар низ мубодилаи афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.