Сафирони Тоҷикистону Ҷопон дар Исломобод мулоқот оростанд

Date:


Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Покистон Чихир Атсуми мулоқот намуд.

Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Ҷопон, вазъи минтақа ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.

 Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов нақши махсуси Ҷопонро дар минтақа таъкид сохта, кумаки ҳамаҷонибаи онро нисбати кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, баланд арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки Ҷопон дорои имконоти васеи мусоидат ба рушди иқтисодии Афғонистон мебошад, аз ин лиҳоз ҷониби Тоҷикистон изҳори умед намуд, ки ҷониби Ҷопон дар Конфронси RECCA V дар Душанбе ширкат хоҳад варзид.

Дар навбат худ, Сафири Ҷопон Ч. Атсуми тасдиқ намуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон ва тамоми минтақа барои кишвари ӯ хеле муҳим мебошад. Тибқи гуфтаҳои ӯ, Ҷопон минбаъд ҳам барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо талош хоҳад кард. Бахусус, ӯ баҳри мусоидат ба самаранокӣ ва дар сатҳи баланд гузарондани Конфронс ибрози омодагӣ намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related