Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо гурӯҳи кории ВКХ-и Чин

Чанде қабл мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорат бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти сарварии Сафир оид ба супоришҳои махсус Ли Фэнлин баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорат бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти сарварии Сафир оид ба супоришҳои махсус Ли Фэнлин баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитойро таъкид намуда, бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар ояндаи наздик табодули назар карданд.

Зикр гардид, ки ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои барқарорсозии Афғонистон ва баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27.03.2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.