Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Президенти Покистон аз Сафири Тоҷикистон даъватномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иштирок дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуд.
Зимни сӯҳбат оид ба мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба, масъалаҳои зарурати ҳарчи зудтар амалӣ намудани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон оид ба транзит, кушодани хатти парвози мустақими Душанбе-Исломобод табодули назар сурат гирифт.
Сипас, ҷонибҳо равобит бо Афғонистон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои иштироки ҳайати баландмақоми Покистон дар Конфронси RECCA V-ро матраҳ карданд.
Сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки иштироки ҳайати баландпояи Покистон дар кори RECCA V имкон медиҳад, то Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи он ҷиҳати роҳандозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа дар самти барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва сулҳу суботи ин кишвар иқдомҳои муштараку муассир андешанд.
Дар робита ба мавзӯи RECCA V, Президент Осиф Алӣ Зардорӣ тазаккур дод, ки ҳайати Покистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард. Тибқи гуфтаҳои Роҳбари Покистон, ӯ ҷонибдори он аст, ки Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи RECCA V ва дигар маъракаҳои марбут ба рушди Афғонистон фаъолияти муштарак ва мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.


