Мусоидати сафорат ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрвандони кишвар

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳру вилояти Москва риштаи ҳаёти чанд тан аз тоҷикистониён канда шуд. Бино ба итттилои манбаъ, 8 феврали соли равон ҷасади Раҷабов Сино Сулаймонович, (13 майи 1984 таваллуд шудааст, бошандаи вилояти Хатлон, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Мир, хонаи 7) дар кӯчаи Покровский Булвари […]

ASIA-Plus


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳру вилояти Москва риштаи ҳаёти чанд тан аз тоҷикистониён канда шуд.

Бино ба итттилои манбаъ, 8 феврали соли равон ҷасади Раҷабов Сино Сулаймонович, (13 майи 1984 таваллуд шудааст, бошандаи вилояти Хатлон, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Мир, хонаи 7) дар кӯчаи Покровский Булвари ш. Москва пайдо карда шуда, бино ба натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ӯ аз заҳролудшавии сахт ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса, корҳои тафтишотӣ аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Лефортовои ш.Москва идома дорад. 11 феврал ҷасади Сино тавассути ҳавопаймо (хатсайри №632, Москва-Душанбе) ба Ватан фиристода шуд.

Ҳамчунин, 11 феврали соли ҷорӣ, барои ёриву мусоидатҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон  Маҷидов Бадриддин Салоҳиддинович (17 ноябри 1969 таваллуд ёфтааст, бошандаи шаҳри Душанбе) ба Ватан ба сафорат муроҷиат шуд. Тавре маълум гаридид, Б. Маҷидов як сол қабл аз  маҳбас озод гардида, дар шаҳри Истраи вилояти Москва ба сифати бинокор фаъолият доштааст. Номбурда аз бемории вазнин дар беморхонаи №52 ш. Москва аз дунё гузашта, фиристодани ҷасад ба Ватан баъди натиҷагириҳои тиббӣ сурат хоҳад гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.