Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Симферопол-Киев

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Хадамоти давлатии ҳавопаймоии Украина Анатолий Колесник мулоқот кард. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина (декабри 2011) масъалаи барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду кишвар баррасӣ […]


Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Хадамоти давлатии ҳавопаймоии Украина Анатолий Колесник мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Украина (декабри 2011) масъалаи барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки бо мақсади амалисозии ин вазифа ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” нақша дорад аз 25 марти 2012 парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Душанбе-Симферопол-Киев-Душанбе шурӯъ кунад.

Ба ин муносибат, дипломати тоҷик ба ҷониби Украина бо хоҳиши мусоидат дар ҳалли як зумра масъалаҳое, ки аз онҳо ифтитоҳи парвозҳои ҳавопаймоии доимӣ байни Тоҷикистон ва Украина вобастагӣ дорад, муроҷиат намуд.

А. Колесник ҳавасмандии Украинаро дар барқарорсозии робитаи ҳавоии миёни ду давлат иброз дошта, итминон дод, ки барои татбиқи ин вазифа дастуру супоришҳои лозима дода мешаванд.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилои ифтитоҳи хатсайри мазкурро тасдиқ намуда, изҳор карданд, ки қаблан боз кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев-Душанбе ба нақша гирифта шуда буд, ки парвозҳо тавассути он мебоист 23-уми феврал оғоз шаванд, вале баъдтар он ба Душанбе-Симферопол-Киев иваз шуд. «Парвозҳо бо хатсайри ҳавоии мазкур аз 29-уми марти соли равон соати 12.00 бо вақти маҳаллӣ дар рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешаванд», – гуфтанд дар ширкат.

Ҳамчунин мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Президенти Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Украина, собиқ Сарвазири Украина Анатолий Кинах баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили муносиботи дуҷониба дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла роҳҳои рушди ҳамкории соҳавӣ, ба роҳ мондани робитаҳо миёни саноатчиёни корхонаҳои Тоҷикистон ва Украина муҳокима шуданд.

Ш. Султонов аҳамияти махсуси татбиқи тавофуқномаҳоеро, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина (декабри соли 2011) ба даст омаданд, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, фаъолгардонии ҳамкории соҳибкорон ва тоҷирони ҳарду кишварро таъкид сохт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.