Мурофиаи судии ду нафар узви эҳтимолии ҲИӮ

Дар суди ноҳияи Қубодиён баррасии парвандаи ҷиноиикорманди тиббии беморхонаи ноҳиявӣ Акмал Рашидов ва ҳамдеҳаи ӯ Иброҳим Қурбонов оғоз гардид. Ҳарду ба узвият дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешаванд. Суди сайёр таҳти раёсати раиси суди ноҳия дар маркази ҷамоати Янгийӯл, ки айбдоршавандагон сокинони деҳаи Қизил Нишони ин ҷамоат […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Дар суди ноҳияи Қубодиён баррасии парвандаи ҷиноиикорманди тиббии беморхонаи ноҳиявӣ Акмал Рашидов ва ҳамдеҳаи ӯ Иброҳим Қурбонов оғоз гардид.

Ҳарду ба узвият дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешаванд. Суди сайёр таҳти раёсати раиси суди ноҳия дар маркази ҷамоати Янгийӯл, ки айбдоршавандагон сокинони деҳаи Қизил Нишони ин ҷамоат мебошанд, ҷараён дорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Убайдулло Орзуев зимни қироати қисмати айбдории парванда зикр кард, ки моҳи майи соли гузашта Акмал Рашидов аз телефони ҳамроҳи ҳамдеҳааш Нусратулло Абдуллоев сабтҳои марбут ба таблиғоти афкори ҲИӮ ва акси пешвои ин созмон Муҳаммадтоҳир Фаррухро ба телефони худ ворид намудааст. Абдуллоев ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба сафи ҲИӮ шомил шуда, ҳамроҳ ба Афғонистон раванд. Вале он замон танҳо Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо ба кишвари ҳамсоя рафтаанд.

Аввали моҳи август Рашидов аз телефони ҳамроҳи дигар ҳамдеҳааш Нуралӣ Атохоҷаев сабтҳои аудиоӣ бо даъватҳои ҲИӮ ва аксҳои иловагии пешвои ҳаракатро ба телефони худ ворид намудааст. Сипас ӯ ин аксу сабтҳоро ба телефони ҳамроҳи табиби ҳамкораш Бахтиёр Саидов гузаронида, аз ӯ низ даъват мекунад, ки ба сафи ҲИӮ шомил гардад. Баъди чанде онҳо ба ҳамдигар дискҳои суханронии пешвои ҲИӮ-ро пешниҳод карда, ба таблиғи аъзои нав оғоз мекунанд.

Рӯзи 15-уми апрели соли гузашта кормандони раёсати вилоятии КДАМ Акмал Рашидовро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти ӯ 12 компакт-дискҳое дарёфт мекунанд, ки қисмате аз онҳо хусусияти ифротгароӣ доштанд.

Ҳарду айбдоршавандагон худро гунаҳкор намешуморанд. Ҳангоми пурсиш Акмал Рашидов таъкид кард, ки ӯ Нусратулло Абдуллоевро ҳамчун ҳамдеҳааш намешиносаду бо ӯ ягон кори умумие ҳам надоранд. «Ман аз ӯ ягон супориш ё сабтҳои телефонӣ нагирифтаам. Ҳамчунин ман огаҳ нестам, ки чӣ гуна дар телефони ҳамкори ман ин сабтҳо пайдо шудаанд. Дуруст аст, ки ман аз Нуралӣ Атохоҷаев якчанд компакт-диск гирифтам, вале намедонистам, ки он хусусияти ифротгароӣ дорад. Ҳатто то замони боздошт огаҳӣ надоштам, ки ҲИӮ созмони ифротгаро аст. Гумон доштам, ки дар сабтҳо мавъизаҳои оддии динӣ мавҷуданд», – изҳор кард Акмал Рашидов.

Бозпурсии судшавандагон дар мурофиаи навбатии судӣ идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки сокини деҳаи Қизил Нишон Бахтиёр Умаров низ дар узвият ба ҲИӮ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон боздошт шуда, рӯзи 3-юми феврал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.