Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон дар Исломобод

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири захираҳои обӣ ва энергетикаи Покистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Саид Навид Камар мулоқот кард. Таврек аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни мулоқот қайд гардид, ки соли сипаригаштаи 2011 ҳарду ҷониб тавонистанд […]


Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири захираҳои обӣ ва энергетикаи Покистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Саид Навид Камар мулоқот кард.

Таврек аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни мулоқот қайд гардид, ки соли сипаригаштаи 2011 ҳарду ҷониб тавонистанд як қатор чорабиниҳои муҳимро ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада гузаронанд. Ҳамин тавр, тарафҳо зикр сохтанд, ки Бонки миллии Покистон бахши худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард.

Дар рафти вохӯрӣ таваҷҷӯҳи махсус ба пиёдасозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дода шуд.

 Сипас, ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (26-27 марти соли 2012, ш. Душанбе) метавонад иқдоми хеле муҳиме дар ҷодаи ба эътидол овардани вазъ ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон шавад, ки дар ин махсусан ҳарду кишвар, Тоҷикистон ва Покистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд, манфиатдор мебошанд. Вазир Саид Навид Камар ҳавасмандӣ ва омодагии худро баҳри иштирок дар ин конфронс зоҳир намуд.

Ҷонибҳо ба тавофуқ омаданд, ки то охири соли 2012 дар Исломобод ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.