Маблағгузории иловагии DWM Petroleum баҳри ҷустуҷӯйи нафту газ

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии DWM Petroleum (муассиси корхонаи муштараки «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария) мулоқот орост. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофии нафту газ, ки корхонаи «Сомон Ойл» дар қаламрави Тоҷикистон доир месозад, баррасӣ шуданд. Гул Шералӣ […]


Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии DWM Petroleum (муассиси корхонаи муштараки «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария) мулоқот орост.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҷараёни корҳои иктишофии нафту газ, ки корхонаи «Сомон Ойл» дар қаламрави Тоҷикистон доир месозад, баррасӣ шуданд.

Гул Шералӣ вусъат бахшидани корҳои иктишофӣ ва дар фурсати наздиктарин омода сохтани майдонҳои ояндадор барои пармакуниро таъкид намуд.

Дар навбати худ намояндагони DWM Petroleum зикр карданд, ки ширкат тавассути «Сомон Ойл» баҳри тезонидани корҳои иктишофӣ ва пармагарӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.

Дар Вазорат қайд карданд, ки КМ «Сомон Ойл» то имрӯз корҳои ҷустуҷӯву иктишофиро дар майдони 600 километр анҷом додааст. Корҳои иктишофӣ дар маҷмӯъ дар майдони 850 километр гузаронида мешаванд.

Дар вазорати мазкур ҳамчунин гуфтанд, таҳияи лоиҳаҳо оид ба баргузор намудани корҳои пармакунӣ дар арафаи анҷомёбианд.

Ёдрас мекунем, ки КМ «Сомон Ойл» корҳои иктишофию геологиро дар майдони нафтугаздори «Супетови Шарқӣ»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд анҷом медиҳад. Ширкат барои анҷоми корҳо ба муддати ҳафт сол иҷозатнома гирифтааст. Қаблан дар ин минтақа ҳеҷ гоҳ канданиҳои фоиданок ва маводи сӯзишворӣ истихроҷ нагардида буданд.

Тибқи баъзе маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи азхудкунии майдони Супетови Шарқӣ дар ноҳияи Ашт дар ҳаҷми умумии 56 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.