Анҷоми санҷиши сатҳи салоҳияти имомхатибон дар Кӯлоб

Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон раванди таъйиди салоҳият (аттестатсия)-и имомхатибони 57 масҷид ба анҷом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои санҷиши дониш ва риояи арзишҳои исломӣ 6 нафар имомхатибон аз вазифа озод карда шудаанд. «Имомхатиби яке аз масҷидҳои маркази шаҳри Кӯлоб ҳатто […]


Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон раванди таъйиди салоҳият (аттестатсия)-и имомхатибони 57 масҷид ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои санҷиши дониш ва риояи арзишҳои исломӣ 6 нафар имомхатибон аз вазифа озод карда шудаанд.

«Имомхатиби яке аз масҷидҳои маркази шаҳри Кӯлоб ҳатто ба талаботи оддӣ ҷавоб дода наметавонист, – гуфт вай. – Панҷ нафар имомхатибони дигар сатҳи дониши пасти  худ дар дин ва қонунгузориро ҳис карда умуман ба санҷиш ҳозир нашуданд, ки онҳо низ аз мансабашон сабукдӯш мегарданд».

Ш.Абдулҳамидов бар ин назар аст, ки баъзан имомхатибон ҳатто ҳаҷми маблағи хайрияи ибодаткунандагонро пинҳон медоранд, то ки аз он ба буҷети давлат фоизи муайян насупоранд, яъне ҳамон арзишҳои исломиро, ки таблиғ мекунанд, худашон риоя намекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дин, соли гузашта салоҳияти 3 ҳазору 366 имомхатибон санҷида шуда, 106 нафар имомхатибон аз кор сабукдӯш гардиданд. Соли равон сатҳи донишу салоҳияти 300 нафар имомхатибон санҷида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.