Дар водии Рашт 15 масҷиди нав сабт гардид

Дар Душанбе маросими расмии тақдими шаҳодатномаҳо ба 15 масҷиди нави намози панҷгона дар водии Рашт доир гардид. Ба имомхатибони масҷидҳои тозасабтшуда якнусхагӣ китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ низ супурда шуд. Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо муовини раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов аз ҷумла қайд кард, ки масҷид ҷойи ибодату тавба аст, на макони […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Дар Душанбе маросими расмии тақдими шаҳодатномаҳо ба 15 масҷиди нави намози панҷгона дар водии Рашт доир гардид. Ба имомхатибони масҷидҳои тозасабтшуда якнусхагӣ китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ низ супурда шуд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо муовини раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов аз ҷумла қайд кард, ки масҷид ҷойи ибодату тавба аст, на макони хӯроки шомхӯриву роҳандозии бозиҳои сиёсӣ ва ё баррасии овозаҳову ғайбати ҳамсоягон.

«Акнун масъулияти шумо дучанд гардида, масъулияти ибодаткунандагони масҷид низ бар дӯши шумост», – гуфт вай.

М.Мухторов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон имомхатибоне фаъолият доранд, ки минбари масҷидро ба шахси аслу насабаш ва мансубияти диниаш номуайян пешкаш мекунанд. Ӯ имомхатибонро огоҳ кард, ки мутобиқи низомнома ба сухан гуфтану таблиғот аз минбари масҷид танҳо имомхатибон ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд.

Номбурда афзуд, барои сабти масҷидҳо имомхатибони масҷидҳо танҳо тарофаи расмӣ ба маблағи 52 сомониро пардохт мекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, соли равон дар Тоҷикистон 47 масҷиди нав ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 151 масҷиди нав ба қайд гирифта шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.