Қарзҳои «зимистонӣ»-и «Агроинвестбонк» ба хоҷагиҳои деҳқонии Хатлон

То имрӯз 150 хоҷагии деҳқонии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз «Агроинвестбонк» барои рушди пахтакорӣ ба маблағи 2 млн. 28 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд. Мудири дафтари асосии бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, бинобар сабаби тағйирёбии обуҳаво, корҳои агротехникӣ дар мӯҳлатҳои барвақтттар то шудгори зимистона гузаронида мешаванд. «Аз […]


То имрӯз 150 хоҷагии деҳқонии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз «Агроинвестбонк» барои рушди пахтакорӣ ба маблағи 2 млн. 28 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд.

Мудири дафтари асосии бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, бинобар сабаби тағйирёбии обуҳаво, корҳои агротехникӣ дар мӯҳлатҳои барвақтттар то шудгори зимистона гузаронида мешаванд.

«Аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоти молиявии ҷойдошта, бонк дархостҳои пахтакоронро қонеъ сохта, ба онҳо қарз ҷудо кард», – гуфт вай.

С.Қадамов мегӯяд, дар муддати чор соли амали механизми нави маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта тақрибан 100 хоҷагии деҳқонӣ дар минтақа муайян шуданд, ки бонк ба онҳо эътимоди комил дорад.

«Ба чунин хоҷагиҳо дар навбати аввал қарз ҷудо гардида, мӯҳлати пардохти қарзҳои баъзе аз онҳоро то 6 моҳ дароз мекунем, то ки онҳо оромона ва бо нархи дилхоҳ маҳсулоти худро фурӯшанд», – иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзони минтақаи Кӯлоб қарзҳои мавсими соли 2010-ро пурра пардохт намуда, маблағи қарзи мавсими соли 2011 дар ҳаҷми 8 млн. 351 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 36,3% пардохта шудаанд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаҷми пардохти қарзи мавсими соли гузашта 62 ва дар ноҳияи Фархор – 40%-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.