Адои маросими ҳаҷҷи ғайриқонунии 600 тоҷикистониён

Соли гузашта 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ маросими ҳаҷ ба Маккаи мукаррамаро адо намуданд. Сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хотирррасон намуд, ки шаҳрвандон тибқи квотае, ки Арабистони Саудӣ шурӯъ аз соли 2005 ба Тоҷикистон ҷудо мекунад, бояд маросими ҳаҷро анҷом […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли гузашта 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ маросими ҳаҷ ба Маккаи мукаррамаро адо намуданд.

Сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хотирррасон намуд, ки шаҳрвандон тибқи квотае, ки Арабистони Саудӣ шурӯъ аз соли 2005 ба Тоҷикистон ҷудо мекунад, бояд маросими ҳаҷро анҷом диҳанд.

«То соли 2005 шаҳрвандон баҳри адои маросими ҳаҷ ба ташкилотҳои гуногун муроҷиат намуда, ҳамчунин тавассути автомашина ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд, – мегӯяд вай. – Ҳолатҳое буданд, ки онҳо дар роҳ ба садама дучор гардида, ҳалок мешуданд ва ҷасадашон ба ватан оварда намешуд».

Ба қавли Юсуфов, соли гузашта зоирини «ғайриқонунӣ»-и Тоҷикистон ба Ҷидда тавассути хатсайрҳои ҳавоии оддӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русияву Қазоқистон сафар карда, барои адои мароисими ҳаҷ аз 5 то 7 ҳазор доллари ИМА масраф намудаанд.

«Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои зоирини ҳар як кишвар, ки тибқи квотаҳои ҷудошуда ва бо риояи қонун сафар карданд, шароитҳои мусоиди будубош фароҳам меорад, вале зоирини ғайриқонунии бидуни квотаро лозим меомад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятиву масҷидҳо зиндагӣ кунанд. Онҳо ба адои расму оини маросими ҳаҷ ба дигарон низ халал мерасониданд, зеро барои онҳо ҷойҳои мушаххас муқаррар нашуда буданд», – афзуд номбурда.

Соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 5,5 ҳазор квота ҷудо кард. Маблағи адои маросими ҳаҷҷи соли гузашта 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дод. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат