Машварати назди президент ба ифтихори солгарди 19-уми таъсиси Артиши миллӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 – уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти президент хабар доданд, сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорати идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 – уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти президент хабар доданд, сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорати идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кулли воҳидҳои низомиро бо солгарди 19 –уми таъсиси нерўҳои дифоии кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҳифзи амну суботи Ватани азиз ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш матонату далерӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ, сиҳҳати комил ва хушбахтӣ таманно намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо  ёдоварӣ аз таърихи начандон тўлонӣ, вале пур аз шебу фарозҳои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид дошт: «Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурўдгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло таъминоти моддию техникии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, яъне маоши афсарону сарбозон ва кормандони дигар мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъминот бо либосворию хўрока, техникаю таҷҳизоти муосири хизмати ҳарбӣ ва ғайра нисбат ба солҳои пешин даҳҳо баробар афзудааст ва ин ҳар як муҳофизи марзу буми Ватан ва оромию суботи кишварро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона водор месозад. 

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди машварат онҳоро бори дигар бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ба боварию эътимоди мардуми шарафманди Тоҷикистон чун муҳофизони шуҷои Ватан ва рўзгори осудаи сокинони он сазовор бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.