Баррасии тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни намояндагони эътилофи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва гурӯҳи кори ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазири адлия Рустам Менглиев, мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода муколамаи кушод оид ба баррасии тавсияҳои Гузориши марҳилавии универсалӣ сурат гирифт. Ёдрас […]

Наргис Ҳамробоева


Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни намояндагони эътилофи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва гурӯҳи кори ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки вазири адлия Рустам Менглиев, мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода муколамаи кушод оид ба баррасии тавсияҳои Гузориши марҳилавии универсалӣ сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ҳангоми муколама дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳи октябри соли гузашта дар Женева баргузор шуд, дар доираи тартиботи Гузориши марҳилавии универсалӣ аз 42 кишвар оид ба риояи ҳуқуқи инсон 172 тавсия гирифт, ки 72-тои он аз ҷониби Тоҷикистон зимни муколама қабул карда шуданд. Боз 56 тавсияи боқимондаи кишварҳо дар иҷлосияи навбатии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки 14-уми марти соли 2012 дар Женева доир мегардад, баррасӣ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ хабар доданд, Эътилофи ТҒД оид ба омодасозии гузориши алтернативии Гузориши марҳилавии унвиверсалӣ аз баргузор намудани муколамаи кушоди ҳукумати ҷТ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба баррасии тавсияҳои Гузориши марҳилавии унвиверсалӣ, ки дар иҷлосияи навбатии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод мегарданд, изҳори хушунудӣ кардааст.

Иштирокдорони муколама атрофи тавсияҳои пешниҳодшуда дар бораи бекор кардани ҳукми қатл ва мубориза бо шиканҷа, озодии баён, мустақилияти судҳо ва дастрасӣ ба шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва риояи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми муколама иштирокдорони он таҳия кардани нақшаи миллии татбиқи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2012-2016-ро ба нақша гирифтанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.