Ҳудуди 5 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон паноҳгоҳ меҷӯянд

Айни замон беш аз 3,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шаҳодатномаи гуреза дар қаламрави Тоҷикистонро доро мебошанд. Ба гуфтаи масъули робита бо ҷомеаи намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар ҶТ Парвина Мунавварова, феълан раёсати мазкур дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар гурезагон ва ҷӯяндагони паноҳгоҳ ва ҳамчунин шахсони ба дастгириву ҳифзи байнулмилалӣ ниёзманд […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон беш аз 3,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шаҳодатномаи гуреза дар қаламрави Тоҷикистонро доро мебошанд.

Ба гуфтаи масъули робита бо ҷомеаи намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар ҶТ Парвина Мунавварова, феълан раёсати мазкур дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар гурезагон ва ҷӯяндагони паноҳгоҳ ва ҳамчунин шахсони ба дастгириву ҳифзи байнулмилалӣ ниёзманд кӯмак мерасонад.

«Аксари гурезагон (тақрибан 90%) дар қаламрави Тоҷикистонро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд, – мегӯяд вай. – Як миқдори муайяни гурезагон ҳамчунин аз Қирғизистон, Эрон, Ироқ, Покистон ва Шри-Ланка низ ҳузур доранд».

Ӯ таъкид кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори комиссияи махсуси назди Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин Вазорати тандурустӣ шомиланд, мақоми гуреза дода мешавад. «Дар ин комиссия Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон мақоми нозирро доро буда, оид ба масоили инфиродӣ машварат пешниҳод мекунад», – шарҳ дод Мунавварова.

Ба қавли Мунавварова, феълан дар қаламрави Тоҷикистон гурезагони сиёсӣ ҳузур надоранд ва таъкид кард, ки қарори пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ аз ҷониби президент қабул мешавад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки мувофиқи муқаррароти қонунгузории ҶТ, шаҳодатномаи гуреза ба муддати се сол дода мешавад. «Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ин чаҳорчӯби муваққатии муҳлат бекор карда шавад, – иброз дошт ӯ. – Айни замон мақомоти қонунгузории кишвар лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезагон»-ро мавриди таҳия қарор додааст ва умедворем, ки пешниҳодоти мо ба инобат гирифта хоҳад шуд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.