Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону КБСС

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари дафтари минтақавии намояндагии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ив Арнолдиро ба ҳузур пазируфт. Меҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳуриро бо корҳои анҷомдодаи КБСС дар минтақа ва Тоҷикистон дар соли 2011 ошно сохта, роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти КБСС соли равон дар кишвари мо маълумот […]

Аваз Юлдошев


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари дафтари минтақавии намояндагии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ив Арнолдиро ба ҳузур пазируфт.

Меҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳуриро бо корҳои анҷомдодаи КБСС дар минтақа ва Тоҷикистон дар соли 2011 ошно сохта, роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти КБСС соли равон дар кишвари мо маълумот дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, миёни ҷонибҳо оид ба маҷмӯи васеи масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва марбут ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули афкори судманд сурат гирифт.

Аз ҷумла, ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкориҳо дар бахши риояи ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари мина, дастгирии муассисаҳои тиббӣ дар водии Рашт ва ҳамкории КБСС бо Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.