Самараи неки фаъолияти ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Меҳмет Мунис Дирик баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози мулоқот Ш.Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Меҳмет Мунис Дирик баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози мулоқот Ш.Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.

Меҳмет Мунис Дирик дар навбати худ иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳиссаи Туркия дар гардиши умумии савдои ҷумҳурӣ дар соли 2011 13,9 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, гардиши умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия дар соли 2011 ба 619,1 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 182,3 млн. доллар бештар аст.

Содирот нисбат ба воридот 468,7 миллион долари ИМА зиёдтар гардид ва асосан аз алюминийи аввалия, қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои парвозкунанда, нахи пахта, ришта ва пӯсти коркарднашуда иборат мебошанд.

Дар соли 2011 маблағи содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ба 543,9 миллион доллари ИМА баробар гардид. Воридот асосан аз гӯшти ҳайвони калони шохдор, гӯшти парранда, маҳсулоти қаннодӣ, доруворӣ, қоғаз, қолинҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, маргарин ва банан иборат буда, маблағи умумии он дар соли сипаригашта ҳамагӣ 75,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.