Раиси пойтахт бонувонро табрик кард

Дар ҷараёни чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи модар, ки дар маркази равобити «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе доир гардид, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бонувони пойтахтро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфта, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас пурмаҳсул бошанд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҳамчунин раиси пойтахт […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи модар, ки дар маркази равобити «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе доир гардид, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бонувони пойтахтро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфта, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас пурмаҳсул бошанд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҳамчунин раиси пойтахт аз бонувон даъват ба амал овардааст, ки баҳри ободонии шаҳри Душанбе кӯшиш ба харҷ дода, барои рушди пойтахт ташаббус нишон диҳанд.

Ба чорабинии мазкур фаъолзанони мақомоти гуногуни пойтахт, кормандони хадамоти коммуналӣ, оилаҳои бевамондаи кормандони мақомоти қудратӣ, ки зимни иҷрои вазифаи хидматӣ ба ҳалокат расиданд, даъват карда шуданд.

М.Убайдуллоев дар назди ҳозирин ҳамчунин оид ба нақшаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати таъмиру азнавсозии роҳҳо, ташкили истироҳату фароғати сокинони пойтахт ибрози андеша намуда, пас аз шунидани аз дархости чанде аз занон оид ба масоили гуногун ба хадамоти дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.