Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ду моҳи соли равон

Date:


Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ (январ-феврал) истихроҷи ангишт ба 13161,0 тонна расонида, нисбати нақша 3261,0 тн. (133,0%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 3709,0 тн. (140,0%) зиёд ангишт истеҳсол карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки корхонаҳои соҳаи ангишт дар соли 2011, нақшаи солонаи ангиштро пеш аз мӯҳлат (21.10.11) иҷро намудаанд. Истихроҷи ангишт дар соли 2011 ба 236735,0 тонна расонда шуд, ки ин нисбат ба нақша аз аввали сол +36735,0 тн. (118,3% ) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта +36348,0 тн. (118,1%) зиёд мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, фурӯши ангишт дар соли 2011 -237234,6 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида +33169,37 тн. зиёд ё 116,2 %-ро ташкил дод.

Зиёд гардидани фурӯши ангишт, дар соли 2011 ин аз ҳисоби ба хориҷа содир намудани он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар соли 2011 аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 22331,0 тонна ангишт содир карда шуд.

 Дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ 14360,0 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати давраи соли сипаригардида 5124,0 тн. (155,4%) зиёд мебошад. Воридоти ангишт то санаи 1.02. 2012-ум 2502,6 тоннаро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳа тасмим гирифтаанд, ки Наврӯзи байналмилалиро бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён дар рушди соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...