Дар ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ Баёния қабул гардид

Дар ҷаласаи фавқулодаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми март доир гардид, вазъи сиёсии кишвар, хатарҳои ба вуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ Баёния қабул гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «боиси […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи фавқулодаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми март доир гардид, вазъи сиёсии кишвар, хатарҳои ба вуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ Баёния қабул гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «боиси таассуф аст, ки дар ин марҳала иқдомҳо ва тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ омили аслии пайдоиши ин хатарҳо гаштаанд. Бахусус, аз тарафи ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ эҷоди рӯҳияи бадбинӣ ва душмантарошӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа амали мухолиф ба Конститутсия, Созишномаи сулҳ ва Санади ҳамдигарбахшӣ буда, пояҳои давлатдории миллӣ ва эътимоди нерӯҳои сиёсии кишварро аз байн мебарад».

«Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз Роҳбарияти кишвар талаб менамояд, ки дар ин марҳалаи ҳассос масъулияти худро пеши миллати тоҷик ва аҳду паймонҳои тарафайн дар Созишномаи сулҳ эҳсос намуда, чораҳои лозимиро баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо, фишорҳо ва амалҳои дигари иғвобарангез алайҳи ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ биандешад. Агар мақомоти давлатӣ даъво доранд, ки барномае ё санаде дар ин маврид ба тасвиб нарасидааст, лозим аст, ки онро дар амал исбот намоянд», – таъкид мегардад дар Баёния.

Дар идома зикр мегардад, ки «қаблан ҲНИТ дар пайи бӯҳронӣ шудани вазъи кишвар пешниҳод намуда буд, ки ҳокимият ҳарчи зудтар ислоҳоти ҷиддиро оғоз намояд. Мутаассифона, ба ҷойи ислоҳи вазъият, мақомот фишори худро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда, бӯҳронҳоро амиқтар менамояд. Ин баёнгари омода набудани қисме аз масъулин ба ислоҳот ва муколамаи миллии пешниҳодшуда мебошад».

«Раёсати олии ҲНИТ аз аъзо ва ҷонибдорони худ ва ҳар нафаре, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барояш азиз аст, даъват менамояд, ки баҳри ҳифзи ин арзишҳо фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва бародариро дар ҷомеа таҳким бахшанд», – зикр мегардад дар Баёния.

Ҳамчунин дар Баёния гуфта мешавад, «новобаста аз бархурд ва муносибати дигарон ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҲНИТ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ итминон медиҳад, ки ба аҳду паймони худ нисбати тамоми меъёрҳо ва арзишҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ содиқ мондааст ва хоҳад монд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.