Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳиро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Аз муҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Аз муҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки баъди анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба эъмори нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шуруъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд.

Зикр гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст.

 Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

 Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.