Дар Пекин М.Убайдуллоев бо намояндагони мақомоти расмии Чин мулоқот мекунад

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар доираи сафари расмӣ   ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи якуми рӯз аз бинои комплекси   мӯҳташами Театри миллии шаҳри Пекин бо ҳайати ҳамроҳонаш боздид карда, дар китоби меҳмонони олиқадр таманноти   хешро сабт намуд.                Сипас, […]

root


Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар доираи сафари расмӣ

 

ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи якуми рӯз аз бинои комплекси

 

мӯҳташами Театри миллии шаҳри Пекин бо ҳайати ҳамроҳонаш боздид карда, дар китоби меҳмонони олиқадр таманноти

 

хешро сабт намуд.

 






 


          

Сипас, дар тарабхонаи «Пекинская утка» бо муовини Раиси Комиссияи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой -академик ҷаноби Лу Юнсян мулоқот анҷом дод.



Зимни мулоқоти самимӣ

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҷаноби Лу Юнсян

 

аз пазироӣ ва дидори ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, перомуни робитаҳои густурдаи байнипарламентии ҳар ду ҷониб, ки дар партави татбиқи сиёсатҳои созандаи сарони кишварҳо натиҷаҳои хуб самар овардааст, нек таъкид сохтанд.



Бо анҷоми мулоқот ба хотири меҳмони олиқадр тибқи таомул дар тарабхонаи мазкур

 

зиёфат ороста шуд.



Баъд аз нисфирӯзӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо


g


резиденти ЭКСИМБОНК ҷаноби Ли Жогу ва Раиси Комиссияи Доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго мулоқот анҷом медиҳад. Дар ин бора аз шаҳри Пекин ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон