Ифтитоҳи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Имрӯз мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иттилоли манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои кушодани Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Қазоқистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба иттилоли манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои кушодани Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Қазоқистон ва бархе дигар аз масоили марбут ба бақайдгирии шаҳрвандони ҶТ, ташкили комиссияи кории оид ба созишномаҳои қаблан имзошуда дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таълиму тарбияи кадрҳо аз ҷумлаи шаҳрвандони ҶТ дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуданд.

Тарафҳо изҳор доштанд, ки омодаанд ба таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои байни ҳар ду кишвар дар ин бахш кӯмак расонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.