Ҳамарӯза ба Facebook то 500 нафар тоҷикистониён номнавис мешаванд

Тайи 10 рӯзи ахир шумори истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар зиёд шуд. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ба ин шабака то 500 нафар тоҷикистониён номнавис мешаванд. Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони шабакаи Facebook 34 ҳазору 640 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба 0,46%-и шумори умумии […]

Меҳрангез Турсунзода


Тайи 10 рӯзи ахир шумори истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар зиёд шуд. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ба ин шабака то 500 нафар тоҷикистониён номнавис мешаванд.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони шабакаи Facebook 34 ҳазору 640 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба 0,46%-и шумори умумии аҳолӣ ё худ 4,95%-и шумори умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон баробар аст. Тибқи маълумот, ба санаи 3-юми март дар Facebook 29 ҳазору 80 нафар тоҷикистониён ба қайд гирифта шуда буданд.

Тавре дар сомонаи Socialbakers.com зикр мегардад, тайи ним соли ахир шумори фейсбукчиён аз Тоҷикистон ба миқдори 1 ҳазору 580 нафар афзудааст. Тоҷикистон феълан аз рӯйи шумори истифодабарандагони Facebook дар ҷаҳон зинаи 170-умро ишғол менамояд.

Мардон 69%-и миқдори истифодабарандагони Facebook дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, 37%-и истифодабарандагони шабакаи Facebook аз Тоҷикистонро ҷавонони синнусоли аз 18 то 24-сола, 32%-ро афроди синусоли аз 25 то 34-сола, 6%-ро шахсони аз 45 то 54-сола ва ҳамагӣ 2%-ро истифодабарандагони синнусоли аз 55 то 64-сола ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд. Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шуда буд.

Баъди як ҳафта, рӯзи 9-уми март бо иҷозати Хадамоти алоқа дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Дар супориш дастрасӣ танҳо ба шабакаи Facebook иҷозат дода шуд, интернет-порталҳои боқимондаи зикршуда баста боқӣ монданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.