Қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ

Шабонарўзи гузашта бориши беист ва пуршиддати барф боиси фаромадани зиёда аз 15 тармаи хурду бузург дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ гардид. Баландии аксари тармаҳо то 5-7 метр ва дарозиашон то 100 метр мерасад. Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, […]

ASIA-Plus


Шабонарўзи гузашта бориши беист ва пуршиддати барф боиси фаромадани зиёда аз 15 тармаи хурду бузург дар қитъаи аз 45 то 73-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ гардид. Баландии аксари тармаҳо то 5-7 метр ва дарозиашон то 100 метр мерасад.

Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, хабар доданд, техникаи филиал, ки дирўз дар тоза кардани роҳ аз барфу тарма ҷалб гардида буд, роҳро барои гузариши корвони мошинҳо аз самти Хуҷанд ба Душанбе кушод. Вале тармафароии такрорӣ, бориши шадид, намоии бад ва хавфи ҳар лаҳза фаромадани тарма коргарони роҳро водор намуд, ки соати 22-00 корро қатъ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, субҳи имрўз шурўъ аз соати 5-00 7 адад техникаи минтақаи Варзоби филиали ШС «IRS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз боркунакҳои фронталӣ, автогрейдерҳо, худпартоҳо ва мошинҳои гуногункора барои тоза кардани роҳ ва бо маводи зиддилағзиш коркард намудани он сафарбар гардиданд. Техникаҳо аз ду самт оқибатҳои тармафароиро бартараф карда истодаанд.

Зикр гардид, ки айни замон ба сабаби банд будани қитъаи роҳи автомобилгард аз километри 43 то 73 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ карда шудааст. Аз ҳамаи ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки аз анҷом додани сафар тавассути роҳи мазкур то фароҳам омадани шароити мусоид худдорӣ кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.