Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорияш (ДРЕФ) ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати ироаи маводи ғизоворӣ ба хонадонҳои осебпазир ва ниёзманд ба ёрӣ дар ноҳияи Мурғоб мусоидат менамояд.
Бино ба маълумоти Aбдулфаттоҳ Шафиев, мушовир дар масоили тамос бо ҷомеаи ФБҶ СС ва ҲА /ҶҲАТ, оилаҳои серфарзанд, пирони танҳо ва оилаҳое, ки саробонашон зан аст – дар маҷмӯъ 500 хонадон (бештар аз 20 дарсади аҳолии ноҳияи Мурғоб) тӯли чаҳор моҳ бо ҳадди одии ёрии ғизоӣ аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар таъмин хоҳанд шуд. Қишрҳои осебпазир ба ҳайси ёрӣ орд, равғани растанӣ, шакар ва чой хоҳанд гирифт.
Бӯҳрони ахири молӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон, гаронии арзиши сӯзишворӣ, мушкили роҳҳо ва сардии шадиди зимистони имсол ба амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Бино бар натиҷаи пажӯҳишҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба монанди Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал, ин мушкилот бештар аз ҳама ба мардуми сокини ноҳияи Мурғоб таъсир расонидааст. Ноҳияи Мурғоб, ки як минтақаи дурдаст, кӯҳӣ ва душвордастраси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз шаҳри Хоруғ 350 километр ва аз шаҳри Душанбе 843 километр дур мебошад. Дар ин ноҳия бештар аз 14 000 нафар зиндагӣ мекунанд, ки 51 дарсадашонро занон ташкил медиҳанд. Мардуми ноҳия имкони кишти маводи ғизоворӣ дар заминҳои худро надорад ва манбаъи аслии даромадашон ҳам парвариши қутос аст. Сардиҳои ахир сокинони ноҳияро водор кард, то аксари пасандозҳои худро барои харидории ҳезум ва ангишт сарф намоянд. Маводи ғизо ба ин ноҳия асосан аз шаҳри Хоруғ ва ба Хоруғ аз шаҳри Душанбе оварда мешавад, ки дурии роҳ ва мушкилии нақлиёт ба арзиши баланди маводи ғизоворӣ бетаъсир намемонад.
Эрик Мишел-Селйе, раҳбари Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, мегӯяд, “арзиши маводи ғизоворӣ дар Мурғоб аз пойтахт ва аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба кулӣ фарқ мекунад. Баҳогузориҳои аввалияи кормандон ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бахш дар Мурғоб, нишон дод, ки 500 хонавода бо шумули 3,000 сокин (22 дарсади аҳолии ноҳия) бештар аз ҳама ба мушкилии дастрасӣ ба маводи ғизоворӣ гирифторанд ва ба ёрии сареъ ниёз доранд. Бинобар ин, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дархости ёрӣ намуд”.
Баҳогузории вазъ дар ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ ва раисони ҷамоатҳо гузаронида шудааст. Бо назардошти вазъ, ин дархости ДРЕФ барои харидорӣ, интиқол ва тақсими маводи ғизо ба осебпазиртарин хонадонҳои шаш ҷамоати ноҳияи Мурғоб масраф хоҳад шуд. Раванд тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамокрии наздик бо мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони ҷамоатҳо иҷро хоҳад гардид. Омӯзиши 200 ихтиёрӣ оид ба баргузории баҳогузории амнияти ғизоӣ дар 20 ноҳияи осебпазири дигар низ доир хоҳад шуд. Қарор аст, ин амалиёт чаҳор моҳ идома намояд.
Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.
Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ҳар сол тавассути 187 узви худ дар саросари ҷаҳон ба ёрии 150 миллион нафар мерасанд. Муштаракан бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсия қабл аз, ҳангоми ва пас аз офатҳои табииву беҳдоштӣ ба ёрӣ мешитобад, ниёзҳои мӯҳтоҷонро бароварда месозад ва дар коҳиши осебпазирии мардум нақш мебозад. Федератсияи байнулмилалӣ тамоми фаъолиятҳои худро бидуни ҳеҷ назаркарде ба миллият, нажод, ҷинс, дин, мавқеъи иқтимоӣ ва нигоҳҳои сиёсии мардуми ниёзманд ба роҳ мондааст.
ФБҶ СС ва ҲА намояндагии пайвастаи худро дар Тоҷикистон дар соли 1994 ташкил дод, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонад. Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сар аз соли 2004, Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ рӯидаст гирифта шуданд. Намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар тарҳрезӣ, иҷроиш, мониторинг ва баҳоггузории барномаҳо ёриҳои фанниву машваратӣ мерасонад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. ҶҲАТ дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ ба мисли сел, лағзиши замин, хушксолӣ ва зилзилаҳо, ки мутаассифона, зуд-зуд дар Тоҷикистон рух медиҳанд, нақши калидӣ мебозад. Ҷамъият, ҳамчунин, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. ҶҲАТ шабакаи бузурге иборат аз 69 бахш ва 15 000 ихтиёрӣ дар саросари кишвар дорад. Дар соли 2010 Порлумони ҶТ қонуни вижаи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани Ҷамъиятро эътироф кард. Нақшаҳои барномавии феълии ҶҲАТ бо ҳадафҳои саросарии Федератсияи байнулмилалӣ ва Стротежии 2020 мувофиқанд.



