Чанде қабл Сафорати ҶТ дар Австрия ва муассисаи фарҳангӣ-дипломатии «Society»-и Австрия бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар яке аз толорҳои ш. Вена ҳамоиши муштаракро бо иштироки ходимони сиёсӣ-ҷамъиятии кишвари будубош, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бархе аз диаспорҳои Австрия, аз он ҷумла тоҷикон барпо карданд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар ибтидои маъракаи ҷашнӣ раҳбари муассисаи номбурда Гертруд Тухҳаммер меҳмонон ва ширкаткунандагони чорабиниро хайрамақдам гуфт ва онҳоро ба таври мухтасар бо иди Наврӯз ва анъанаҳои ҷашнгирии он шинос кард. Сафири Тоҷикистон дар Австрия зимни суханронӣ ва сӯҳбатҳо бо ҳозирин қайд кард, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун яке аз маросимҳои барҷастаи фарҳангии халқҳои Шарқ таърихи чандинҳазорсола дошта, то кунун аҳамияташро ҳамчуни омили муҳими ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳо ва ҳамкориву созандагӣ гум накардааст. Бо истифода аз фурсат, ӯ ҳозиринро бо барномаи ҷашнии Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои дарпешистода бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони хориҷӣ ошно кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ суруду оҳангҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон ва ғ. садо доданд ва барои меҳмонон дастурхони идона ороста шуд.
Хотирасон менамоем, ки соли 2010 бо ибтикори Намояндагии Тоҷикистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойджон 21 март ҳамчун санаи расмии САҲА ва рӯзи таътил эълон гардида буд.


