«Ӯзбекнефтегаз»: Мавод оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон «буҳтони фармоишӣ» аст

Date:


Ширкати миллии холдингии «Узбекнефтегаз» дар робита ба маълумоти дар ВАО чопшуда  бобати

аз 1-уми апрел пурра қатъ гардидани интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

як изҳорот интишор кард.

Ҳамин тариқ, дар

изҳороти мазкур

гуфта мешавад, мутобиқи банди 2.2-и қарордоди баимзорасида миёни ширкати саҳҳомии «Узтрансгаз» (сохтори фаръии «Узбекнефтегаз») ва «Тоҷиктрансгаз», ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. метри мукааб танҳо дар семоҳаи аввали соли равон кафолат дода мешуд.

«Уҳдадориҳои вогузоршуда ба ҷонибҳо тибқи қарордоди мазкур пурра ба анҷом расиданд ва ҳар гуна буҳтонҳои фармоишӣ дар робита ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Узбекнефтегаз».

Ёдрас мекунем, ки пас аз сафари як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба Ӯзбекистон,

дар таърихи 5-уми январи соли 2012 миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

дар бораи интиқоли газ ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...