Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ машварати корӣ анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ нахуст ахбори масъулини Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои дигари дахлдор шунида шуд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ғайр аз минтақаҳои кӯҳистон, бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ киштукори баҳории зироатҳо ва ниҳолшинонӣ вусъат ёфтааст.
Дар робита ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди фархунда дар он иштирок хоҳанд дошт.
Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои мавсимии кишоварзӣ, дастгирии деҳқонону боғпарварон, фаъолияти созандагию ободонӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фурӯд омадани ярчу тарма, обхезиҳои баъди обшавии захираи бешумори барфи имсола ва боридани боронҳои селу жола омодагии ҷиддиро талаб мекунад.