Шумори ҳалокшудагони сӯхтори Маскав ба 17 нафар расид

Тибқи маълумоти ахир, шумори ҳалокшудагон дар сӯхтори бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав ба 17 нафар расид. Ин шумор баъди азназаргузаронии маҳалли ҳодиса муайян шуд. Айни замон ҷасадҳо ба мурдахонаи Ҳавзаи автономии ҷанубии шаҳри Маскав фиристода мешаванд. Шахсияти ҳалокшудагон муайян нашудааст. Шояд барои ин ташхиси генетикӣ гузаронида шавад, зеро аксари ҷасадҳо сахт сӯхта, шинохтанашавандаанд. Расонаҳои хабарии […]

ASIA-Plus


Тибқи маълумоти ахир, шумори ҳалокшудагон

дар сӯхтори бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав

ба 17 нафар расид. Ин шумор баъди азназаргузаронии маҳалли ҳодиса муайян шуд.

Айни замон ҷасадҳо ба мурдахонаи Ҳавзаи автономии ҷанубии шаҳри Маскав фиристода мешаванд. Шахсияти ҳалокшудагон муайян нашудааст. Шояд барои ин ташхиси генетикӣ гузаронида шавад, зеро аксари ҷасадҳо сахт сӯхта, шинохтанашавандаанд.

Расонаҳои хабарии Русия менависанд, ҳамаи нафарони ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар ин бозор кор мекарданд.

Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия изҳор карданд, ки фавтидагон «шаҳрвандони ИДМ» мебошанд, вале тасдиқ накарданд, онҳо шаҳрванди тоҷиканд.

Гуфта мешавад, сӯхтор бар асари носозии яке аз таҷҳизоти гармкунанда сар задаст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати КҲФ Русия дар шаҳри Маскав, бинои анбор ба ҶДММ «Старт» тааллуқ дошта, онро ҶДММ «Алфа-СЭТ» ба иҷора гирифтааст.

Аз рӯйи далели сар задани сӯхтор ва ҳалокати одамон мутобиқи моддаи 219-и КҶ Русия («Риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор») парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.