Ворид шудани қисмати аввали кумаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон

Қисмати аввали кумаки башардӯстонаи Русия тавассути ҳавопаймои Ил-76 ба Тоҷикистон расонида шуд. Муовини директори департаменти байнулмилалии КҲФ Русия Евгений Ершов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки қисмати аввали кумак аз дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра иборат аст, ки вазни умумиаш 37,8 тонна мебошад. Ду рӯзи оянда ба Тоҷикистон тавассути […]

Заррина Эргашева


Қисмати аввали кумаки башардӯстонаи Русия тавассути ҳавопаймои Ил-76 ба Тоҷикистон расонида шуд.

Муовини директори департаменти байнулмилалии КҲФ Русия Евгений Ершов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки қисмати аввали кумак аз дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра иборат аст, ки вазни умумиаш 37,8 тонна мебошад.

Ду рӯзи оянда ба Тоҷикистон тавассути ду борти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Россия қисми боқимондаи кумаки башардӯстона фиристода хоҳад шуд. Дар маҷмуъ ба кишвар 113 тонна кумаки башардустона ба маблағи умумии беш аз 100 млн. рубли русӣ ворид мегардад.

Муовини директори Агентӣ оид ба хариди давлатӣ ва захираҳои моддии назди Ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев, ки масъули қабули кумаки башардӯстона аст, дар робита ба ин масъала гуфт, ин кумак ба манотиқи бештар осебдида аз зимистони сарди имсола фиристода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, бар асари зимистони сарду тӯлонӣ роҳҳои мошингарду пулҳо хароб гардида, бахши чорводории ҷумҳурӣ хисороти зиёд бардошт.

Хисорот ба соҳави рустанипарварӣ 1,3 млн. $ ва ба бахши чорводорӣ ба беш аз 905 ҳазор $ арзёбӣ шуда, ҳамчунин 350 гектар боғу токзор осеб диданд, ки зарари онҳо 505,8 ҳазор $-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми март суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Русия Владимир Путин баргузор шуда, дар он вазъи мушкили Тоҷикистон бар асари сардиҳои шадиди зимистон баррасӣ шуд. Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон аз Русия кумаки башардӯстонаи таъҷилӣ дархост кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.