Имзои Созишномаи қарзӣ бо Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ- аъзои гурӯҳи БҶ

Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» созишномаи қарзии навбатиро бо Корпаратсияи байналхалқии молиявӣ- аъзои гурӯҳи Бонки умумҷаҳонӣ ба имзо расонд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баимзорасии созишномаи қарзиро дар Тоҷикистон  нек арзёбӣ намуд. Иброз дошт, ки ин ҳамкорӣ бояд […]

ASIA-Plus


Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» созишномаи қарзии навбатиро бо Корпаратсияи байналхалқии молиявӣ- аъзои гурӯҳи Бонки умумҷаҳонӣ ба имзо расонд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баимзорасии созишномаи қарзиро дар Тоҷикистон  нек арзёбӣ намуд. Иброз дошт, ки ин ҳамкорӣ бояд ба рушди иқтисодии мамлакат такони ҷиддӣ бахшад. Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» ташкилоти қарзии хурди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, наздик 40 фоизи мизоҷонаш бонувон мебошанд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ  800 ҷои кори холӣ таъсис ёфта, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мадад мерасонад.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев    қайд кард, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми  ноҳияҳои дурдаст зиёд гардондани захираҳои қарзӣ ва ёрӣ ба онҳо иқдоми нек аст.  Қарз ба маблағи 5 миллион доллари ИМА ба ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ имконият медиҳад, ки сафи мизоҷонро зиёд намояд, шароити хуби дастрас намудани қарзро фароҳам оварад, барои ривоҷи соҳибкорӣ мадад расонад. 

Раиси  Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ оид ба бозорҳои молиявӣ ва фондҳои сармояи хусусӣ дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ҷаноби Офтоб Аҳмад қайд намуд, ки яке аз самтҳои стратегии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон васеъ намудани соҳаи қарзии хурд мебошад, ки он асоси муҳими ҳавасманд кардани соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи молия аст. Ҳамкорӣ боз аз он ҷиҳат ба соҳибкорони хурди Тоҷикистон кӯмак мерасонад, ки аксари онҳо бори аввал ба соҳаи молияи расмӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Директори генералии Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» С. Шарифова  ба иштирокдорон ва меҳмонон сипос гуфта, иброз дошт, ташкилот  калонтарин созмони  қарзии хурд дар Тоҷикистон буда, 12 сол қабл ба фаъолият пардохтааст ва дастгирии табақаи камбизоати аҳолиро пешаи асосӣ қарор додааст. Ҳаҷми сандуқи қарзии «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ»  айни замон 240 млн сомонӣ буда, дар 39 манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 намояндагии он ба мизоҷон хизмат мерасонад. Шумораи умумии мизоҷон зиёда аз 46 000 нафар буда, 37 фоизи онҳо занонанд.

Сипас Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва раиси  Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ҷаноби Офтоб Аҳмад созишномаи қарзиро имзо намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.