Лимити истифодаи барқ комилан бекор шуд

Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ комилан бекор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, айни замон маҷрои дарёи Вахш, ки дар он нерӯгоҳи барқии асосии кишвар – Норак ҷойгир шудааст, 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, акнун аз ин ба баъд бо дилпурӣ метавон […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ комилан бекор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, айни замон маҷрои дарёи Вахш, ки дар он нерӯгоҳи барқии асосии кишвар – Норак ҷойгир шудааст, 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун аз ин ба баъд бо дилпурӣ метавон гуфт, ки тамоми истеъмолгарон мунтазам бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, зикр гардид, ки феълан дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел ширкати мазкур изҳор дошта буд, ки лимити истифода барқ дар кишвар муваққатан бекор шуд ва дар сурати афзудани маҷрои дарёи Вахш он расман аз байн бардошта мешавад.

Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.