Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 420 млн. $ дар семоҳаи аввал

Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 млрд сомонӣ (беш аз 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6% ё худ ба маблағи 250 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 млрд сомонӣ (беш аз 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6% ё худ ба маблағи 250 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат 91,1 млн. сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ – 173,3 млн. сомонӣ ва бахши хусусӣ – 31,8 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Дар ҳамин давра корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳамагӣ ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ба маблағи 184,5 млн. сомонӣ (9,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1285,7 млн. сомонӣ (65,7%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 486,5 млн. сомонӣ (24,9%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.