Раиси ҲНИТ аз паёми президент қарорҳои мушаххасро интизор аст

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ аз паёми ҳамасолаи президент ба парлумон, ки дар таърихи 20-уми апрели соли равон ироа мегардад, роҳу воситаҳои ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии рӯзмарраро интизор аст. «Мо умедворем, ки паёми имсола аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтору ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа тафовут хоҳад […]

Меҳрангез Турсунзода


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ аз паёми ҳамасолаи президент ба парлумон, ки дар таърихи 20-уми апрели соли равон ироа мегардад, роҳу воситаҳои ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии рӯзмарраро интизор аст.

«Мо умедворем, ки паёми имсола аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтору ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷа тафовут хоҳад кард. Аз таҷриба огаҳем, ки дар тамоми паёмҳои президент ба парлумон як қатор масоиле мавҷуданд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, вале ин аслан масоили назариявӣ ё мавзуъҳое мебошанд, ки на он қадр мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиро фарогиранд», – зикр кард вакили парлумон.

Ба қавли ӯ, дар паёми соли гузаштаи президент қабул ва амалисозии лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» муҳим арзёбӣ шуда, дар паёми боз як соли қабл аз он қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мушкилоти асосӣ маҳсуб меёфт.

«Ман фикр мекунам, ки дар паёми соли равон ба ҳалли масоили рӯзмарраи иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла буҳрони энергетикӣ ва масоили марбут ба муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя мебояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Умедворам, ки ба ҷомеа дар бораи дурнамои мушаххаси рушд дар зарфи ду-соли оянда посухҳои мушаххас пешниҳод хоҳад гардид», – мегӯяд М.Кабирӣ.

Ба гуфтаи Кабирӣ, ӯ ҳамчун узви ҲНИТ хостори он аст, ки агар посухи дақиқ набошад ҳам, ҳадди ақалл аз назари давлат дар бораи муносибатҳои минбаъда бо аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳ шуданӣ аст, зеро соли равон 15-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

«Бо назардошти ҳолатҳои пас аз интишори як қатор аснод, ки имрӯз атрофаш сарусадо зиёд асту то куҷо ҳақиқӣ будани он маълум нест, ба ҳар ҳол, он ба вазъи дохилӣ бетаъсир намонд ва аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки агар президент дар ин хусус посухи дақиқ пешниҳод накунад ҳам, ба ҳар ҳол ба таъмини сулҳ ва ҳусни тафоҳум дар ҷомеа бояд таҳким бубахшад», – афзуд раиси ҲНИТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.