Тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ

Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаҳои корӣ ва ба таври зарурӣ  ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар сохтори вазорати мазкур  як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, полковники милитсия Таҷалов Алӣ ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза […]

ASIA-Plus


Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаҳои корӣ ва ба таври зарурӣ  ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар сохтори вазорати мазкур  як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, полковники милитсия Таҷалов Алӣ ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ва полковники милитсия Муллоев Валихон ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД таъин шуданд.

Ҳамчунин подполковники милитсия Довудов Зуҳурбек вазифаи муовини сардори Раёсати тафтишотии ВКД ва подполковники милитсия Тағоймуродов Сафаралӣ вазифаи муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ишғол намуданд.

Ғайр аз ин, полковники милитсия Иззатов Ғайратшо ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, полковники милитсия Шомадов Фирдавс ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва полковники милитсия Қосимов Афзалӣ ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД  таъин гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.