Маъракаи кишти ғалладонагиҳо ба нисфи марра расид

Кишоварзони тоҷик маъракаи кишти баҳории зироати ғалладонагиро ба нисфи марра расониданд. Тавре аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз зироати ғалладона дар майдони 63 ҳазор гектар кишт шудааст, ки беш аз 48%-и нақшаи пебинишударо ташкил медиҳад. «Аз ҷумла, дар 29,5 ҳазор гектар гандум, 28,2 ҳазор гектар ҷав ва дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Кишоварзони тоҷик маъракаи кишти баҳории зироати ғалладонагиро ба нисфи марра расониданд.

Тавре аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз зироати ғалладона дар майдони 63 ҳазор гектар кишт шудааст, ки беш аз 48%-и нақшаи пебинишударо ташкил медиҳад.

«Аз ҷумла, дар 29,5 ҳазор гектар гандум, 28,2 ҳазор гектар ҷав ва дар беш аз 5,2 ҳазор гектар дигар зироати ғаллдона кишт шуда, соли равон дар маҷмӯъ кишти зироати ғалладонагӣ дар майдони зиёда аз 130 ҳазор гектар пешбинӣ гардидааст», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи кишти пунбадона низ идома дошта, то ҳанӯз пунбадона дар майдони беш аз 52 ҳазор гектар кишт шудааст, ки тақрибан ба 25%-и нақша баробар аст. «Ҳамарӯза дар майдони то 9 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода мешавад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки соли равон дар маҷмуъ кишти пахта дар майдони 209 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ҳудуди 10 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах ба нақша гирифта шуда, вобаста ба обуҳаво кишоварзон аз 415 то 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. Соли 2011 кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.