Кӯмаки техникии САҲА ба марзбонони тоҷик

Дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик кӯмаки техникӣ расонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, кӯмаки техникии Дафтари САҲА дар Душанбе аз шаш автомашинаи ҳарҷогард – се автомашинаи тамғаи Chevrolet NIVA ва се автомашинаи УАЗ-и истеҳсоли […]

Наргис Ҳамробоева


Дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик кӯмаки техникӣ расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, кӯмаки техникии Дафтари САҲА дар Душанбе аз шаш автомашинаи ҳарҷогард – се автомашинаи тамғаи Chevrolet NIVA ва се автомашинаи УАЗ-и истеҳсоли Русия иборат аст.

«Ба ҷуз автомашинаҳо, ба марзбонони тоҷик ҳамчунин таҷҳизоту сарулибос, ки барои гурӯҳи таъиноти махсус пешбинӣ шудааст, низ тақдим гардид», – гуфт манбаъ.

«Техникаву таҷҳизоти мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мубориза алайҳи террризму муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро тақвият бахшад ва ҳамчунин ин як дастгириест дар кӯшишоти кишвари мо ҷиҳати таъмини амният дар марзҳо», – гуфт дар маросими тақдими кӯмаки техникӣ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 344 километрро ташкил дода, бештари қисмати он дар манотиқи душворгузари куҳистон ҷойгир аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.