Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро барқарор кард

Date:


Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро барқарор кард. Бино ба маълумоти ширкати миллии холдингии «Ӯзбекнефтегаз», тибқи қарордоди баимзорасида миёни ширкати «Ӯзтрансгаз» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз», рӯзи 16-уми апрел аз соати 00:00 интиқоли газ ба Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» маълумот дар бораи ба имзо расидани қарордод миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли газро тасдиқ намуда, вале гуфтанд, дар бораи шартҳои қарордод огоҳ нестанд.

Дар ҶСК «Тоҷиктрансгаз» изҳор карданд, ки мақомоти раҳбарии ширкат дар ҳукумат қарор дорад ва масъалаи барқарор шудани интиқоли газ аз Ӯзбекистон баъдтар шарҳ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 1-уми апрел қатъ шуда буд. Дар семоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 45 млн. метри мукааб гази табиӣ дастрас намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...