БМТ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо паст кард

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори худ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ду банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ як банди фоизӣ паст карда, мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, санади номбурда бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ […]

ASIA-Plus


Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори худ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро барои пасандозҳо бо пули миллӣ ду банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ як банди фоизӣ паст карда, мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, санади номбурда бо мақсади таъмини пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот қабул карда шудааст. Вобаста ба ин, тамоми ҳисобкуниҳои марбут ба захираҳои ҳатмӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ тибқи қарори мазкур амалӣ карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...