Натиҷагирӣ аз озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»

Date:


Озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврўз» ҷамъбаст гардид. Он бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, фондҳои ҷамъиятии «Интернет» ва «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», Академияи маҷозии «ТИК барои Рушд» бо мақсади таҳияи сомонаҳои интернетӣ вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз ва инъикоси арзишҳои миллии он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, тарғибу ташвиқи сомонаҳои беҳтарин ҳамчун воситаи фаъоли омўзиш ва эҷодкорӣ баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар озмун хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ, инчунин шахсони ҳуқуқию воқеӣ ширкат варзиданд. Шоҳҷоиза ба гурўҳи муаллифони мустақил (Сўҳроб Ниёзов-лаборанти мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе, Комил Раҷабов, Мавзуна Шарафӣ, Алишер Хушвахтов, Шариф Сайфуллоев) насиб гашт. Ҳамчунин, Мурод Орифов-роҳбари ташкилоти «Tojiksoft» барои сомонаи сермазмун, Темур Бобохонов-донишҷўи курси панҷуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ барои ороиши беҳтарин, Осимҷон Хусейнов, Мирзоназир Охунов-донишҷўёни курси панҷуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон барои сомонаи беҳтарин интерактивӣ, Исмат Каримов- хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе барои маҳорати иҷро, Эҳсон Одинаев-хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ ҳамчун беҳтарин хонандаи эҷодкор ва Фарҳод Самадов-донишҷўи курси дувуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун беҳтарин донишҷў, Парвина Меликова-директори мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе ҳамчун беҳтарин омўзгори эҷодкор, Николай Козлов-донишҷўи курси сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамчун шаҳрванди беҳтарини эҷодкор аз ҷониби ҳакамон бо тўҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Ба унвони сайбер-малика хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе Мунира Ҳусейнова ва сайбер-амир хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе Фозил Сарафрозов сазовор гаштанд. Бо қарори кумитаи тадорукотӣ мутахассиси Маркази иттилоотии иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Аслиддин Раҳмонзода бо тўҳфаи махсус сарфароз гашт.

Қобили зикр аст, ки озмун соли дувум аст, ки баргузор мегардад ва сарпарастони он Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурўҳи ширкатҳои Вавилон ва ҶСП «Тселл» мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...