Дар Суғд 34 нафар аъзои ҲИӮ маҳкум шуданд

Дар вилояти Суғд нисбат ба як гурӯҳи иборат аз 34 нафар, ки ба узвият дар созмони ҷиноятпешаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) даст доранд, ҳукми суд содир шуд. Дар бинои боздоштгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ таҳти раёсати судяи суди вилоят Ҷӯрабек Шеров оид ба ин парванда ба итмом расид. Дар курсии айбдорӣ 34 […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд нисбат ба як гурӯҳи иборат аз 34 нафар, ки ба узвият дар созмони ҷиноятпешаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) даст доранд, ҳукми суд содир шуд.

Дар бинои боздоштгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ таҳти раёсати судяи суди вилоят Ҷӯрабек Шеров оид ба ин парванда ба итмом расид. Дар курсии айбдорӣ 34 нафар менишастанд, ки аксаран сокинони ноҳияи Исфара буда, ба узвият дар ҲИӮ ва содир намудани ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешуданд.

Қариб ҳамаи онҳо асосан дар содир намудани ҷиноёте чун куштор, ташкили ғайриқонунии гурӯҳи мусаллаҳ, ғоратгарӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барангехтани низои нажодиву маҳалгаройӣ ва мухолифати мазҳабӣ, бо роҳӣ зӯроварӣ ба даст гирифтани ҳокимият ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии ҶТ айбдор карда мешаванд.

Суд аъзои гурӯҳро, ки синнусолиашон аз 18 то 55-соларо ташкил медиҳад, ба муҳлатҳои аз 8 то 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Зикр гардид, ки ҳалномаи суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, маҳкумшадагон метавонанд аз болои он шикоят баранд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 135 нафар аъзои фаъоли аҳзобу ҳаракатҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуда, нисбати онҳо 14 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Миёни онҳо аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра ҳузур доштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.